Боздошти духтури Ёрии таъҷилии шаҳрӣ барои марги ноболиғи 17 – сола

Абдурасул Ҳоҷиев, духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба Севинч Шукуроваи 17-сола, ки боиси марги ахирӣ шудааст, боздошт ва алайҳи ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Дар ин бора Додситонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин ниҳод дар вакуниш ба муроҷиати кушоди Шоира Зуҳурова, модари Севинч Шукурова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, навиштааст, ҳодисаи марги ӯ, ки рӯзи 8-уми апрел рух додааст, аз ҷониби ин ниҳод, мавриди санҷиш қарор дода шуда, баъди ташхиси комиссиони судӣ-тиббӣ маълум гардид, ки “сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” буда, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъин ва гузаронида шудааст”.

“Дар натиҷаи номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев А.М. ҳолати ноболиғ Шукурова С. вазнин гардида, номбурда фавтидааст”, – омадааст дар иттилоияи Додситонии шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод гуфтааст, дар робита ба ҳодисаи мазкур рӯзи 16-уми майи соли 2023 аз ҷониби Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати Абдурасул Ҳоҷиев барои “аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс гаридааст” (моддаи 129 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.

Ин банди қонунгузорӣ, аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додситонии пойтахт гуфтааст, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Бинои прокуратураи шаҳри Душанбе. Акс аз саҳифаи фейсбук

Ёдовар мешавем, ки муроҷиати Шоира Зуҳурова, як сокини шаҳри Душанбе ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар пайи марги духтараш Севинч Шукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт. Ин модар дар муроҷиати худ даъво кардааст, ки духтари 17-солааш бо сабаби саҳлангорӣ ё хунукназарии духтури Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

“Духтурам ягон беморӣ надошт ва танҳо баъди таъин ва гузаронидани маҳлули “Лидаза” аз ҷониби духтур Абдурасул Ҳоҷиев ҳоли ӯ якбора бад шуда, дертар ба ҳалокат расид”, – гуфтааст ин зан.

Маврид ба зикр аст, ки ин ягона ҳолати марги нафаре бинобар хунукназарии духтур намебошад. Қаблан низ чанд табиб барои хунукназарӣ боздошт ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд.

close
close

Асосӣ

ВКД иддаои тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як занро аз сӯи муфаттиш таҳқиқ мекунад, агар муроҷиати расмӣ шавад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, танҳо пас аз муроҷиати расмии Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, ки даъво до...
Додгоҳи олӣ хушдомани Манораро дубора 7 сол равонаи зиндон кард
Ин зинаи Додгоҳи олӣ ҳукми зинаи кассатсиониро бекор кард.
Ҳокимият
14:23, 16 май
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Чин рафт
Барои иштирок дар нишасти “Чин + Осиёи Марказӣ”
Ҷаҳон
11:32, 16 май
ВКХ Русия: баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба таҳримҳо алайҳи Русия бипайванданд
Дар Вазорат бар ин назаранд, ки гусастани равобит бо Русия метавонад зиёни сангинеро барои кишварҳои минтақа ба бор орад.
Ҳаводис
09:24, 16 май
“Барои санҷиши қубурҳо рафта буданд”. Ҷузъиёти ҳалокати 7 корманди “Водоканал” дар Панҷакент
Дар пайи ин ҳодиса додситонӣ парванда боз карда, тафтишот оғоз шудааст.
close

Хабарҳои ахир

Ҷаҳон
17:03, сегодня
Сарвазири Толибон иваз шуд. Нахуствазири пешин бемор будааст
Ӯ дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.
Ҳокимият
14:30, сегодня
Баррасии масоили муҳимми шарикию стратегӣ дар Чин
Имрӯз, 17 май, дар шаҳри Пекин, дар доираи сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Хан Чжэн, ноиб...
ВКД иддаои тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як занро аз сӯи муфаттиш таҳқиқ мекунад, агар муроҷиати расмӣ шавад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, танҳо пас аз муроҷиати расмии Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, ки даъво до...
Тоҷикистон
11:55, сегодня
“Шабе дар Осорхона”. Имсол чиро метавон тамошо кард?
Вуруд ба ин чорабинӣ ва тамошои он ройгон аст.
Ҷомеа
11:10, сегодня
Баъди танқиди президент нисбати роҳбари корхонаи зиддималахи Хатлон бо се модда парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд
Президент ӯро барои ба шаҳрвандон додани замини мактаб танқид карда буд.
close