Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон қариб 45% афзуд

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун ба Тоҷикистон омаданд, 260 ҳазор нафарро ташкил дод.  Ин нишондиҳанда 30,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Беш аз 70%-и хориҷиён аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20%-ашон аз Русия (53,2 ҳазор нафар) ба Тоҷикистон омадаанд.

Вуруди хориҷиён ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (6,7 ҳазор нафар), Чин (3,5 ҳазор), Туркия (2,3 ҳазор), Афғонистон ва Эрон (1,2 ҳазор нафарӣ) ба қайд гирифта шудааст. Миқдори нисбатан ками вуруди шаҳрвандони хориҷӣ (камтар аз 1 ҳазор) аз дигар кишварҳо низ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд, 812,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 38,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 185 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 27 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 5 осоишгоҳ ва лагерҳо баро кӯдакон, 52 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд. Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

close
close

Асосӣ

Ҷомеа
09:00, сегодня
Интиқоди вакили парлумон аз “гаҳворабахш” ва номзадкунии бармаҳали ҷавонон дар кишвар
Ӯ ин падидаҳоро хурофот ва шеваи нави фирори ҷавонон аз артиш унвон кардааст.
Ақида
17:30, 18 май
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Бидуни шакк, устод Қаноат устураитарин шахсияти рӯзгори мо буд.
Ҷомеа
14:00, 18 май
Муқоисаи нархи Ҳаҷ-2023 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия
Бо оғози мавсими Ҳаҷ баҳси маблағи он доғ мешавад.  Имсол низ ин чиз истисно набуд ва баъди ҷудо кардани 7 ҳа...
Тоҷикистон
11:00, 18 май
Тафсилоти нави сохтмони метро дар Душанбе. Аз Корвон то Сирк метрои рӯизаминӣ месозанд
Қаблан гуфта мешуд, ки дар пойтахт метрои ҳавоӣ бунёд мешавад.
Иқтисод
08:00, 18 май
Барои сохтмони НБО “Роғун” 500 млн доллар ҷудо мешавад
Маблағро ба Тоҷикистон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ медиҳад.
close

Хабарҳои ахир

Туризм
09:10, сегодня
Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон қариб 45% афзуд
Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун ба Тоҷикистон омаданд, 26...
Ҷомеа
09:00, сегодня
Интиқоди вакили парлумон аз “гаҳворабахш” ва номзадкунии бармаҳали ҷавонон дар кишвар
Ӯ ин падидаҳоро хурофот ва шеваи нави фирори ҷавонон аз артиш унвон кардааст.
Ақида
17:30, 18 май
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Бидуни шакк, устод Қаноат устураитарин шахсияти рӯзгори мо буд.
Ҷомеа
14:00, 18 май
Муқоисаи нархи Ҳаҷ-2023 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия
Бо оғози мавсими Ҳаҷ баҳси маблағи он доғ мешавад.  Имсол низ ин чиз истисно набуд ва баъди ҷудо кардани 7 ҳа...
Амният
13:10, 18 май
Мақомот тоҷикони дар ҷанги Русияву Украина ширкатдоштаро рӯйхат мекунанд
Ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русияву Украина барра...
close