Skip to main content
How do I know that I can trust this page?
This story is a copy of an article from Радиои Озодӣ. It is delivered to you from a trusted archive to assure its availability over time.

View the article source

Донишмандон: "Дар Тоҷикистон 10 000 тонна маъдани уран ҳаст"

Гурӯҳе аз донишмандон бо таҳқиқи партовгоҳҳои азими маъдани уран дар Тоҷикистон маълум кардаанд, ки дар сурати коркарди дубора аз онҳо метавон тақрибан 10 ҳазор тонна маъдани уран ба даст овард.

Дар таҳқиқи ин гурӯҳ аз олимони Академияи улум ва Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва кимиёии Тоҷикистон омадааст, дар 10 партовгоҳи азими радиоактивӣ, ки дар шимоли кишвар ҷойгиранд, тақрибан 10 000 тонна маъдани уран нуҳуфтааст.

Ба гуфтаи онҳо дар сурати коркарди дубораи ин партовгоҳҳо, метавон, хатари партовгоҳҳои заҳрогин барои аҳолиро кам кард ва ҳам аз ҳисоби фурӯши уран фоидаи зиёде ба даст овард.

Ба навиштаи ин донишмандон, фақат аз партовгоҳи Деҳмой, ки 36 миллион тонна партови уран дорад, метавон 2160 тонна маъдани уран ба даст овард. Вилояти Суғд аз замони Шӯравӣ, 10 партовгоҳ мерос гирифтааст ва дар онҳо онҳо 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив нуҳуфтаанд.

Бе нигоҳубини дуруст ва ё зери хок накардани партовгоҳҳо хатари олуда шудани муҳити зист ва гирифтории мардуми атроф ба бемориҳои хатарнок зиёд боқӣ мемонад. Мақолаи илмии донишмандони тоҷик дар маҷаллаи илмии «Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар моҳи май нашр шудааст.

Хабар ба зудӣ такмил мешавад, бозгашт ба вебсайти Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

Гӯшаҳо

View the original article